"Recognition of the role of Mirsiddikxon Hashmat Bukhari from the point of view of the authors of anthologies – tazkiras"
Abstract
Дар мақола ҷузъиёти муҳимтарин ва паҳлӯҳои норавшани зиндагиномаи Мирсиддиқхони Ҳашмати Бухороӣ бар асоси тазкираҳои поёни қарни ХIХ ва аввали қарни ХХ ва инчунин осори муҳаққиқон мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтааст. Аз ин рӯ, муаллиф кӯшидааст, ки ба ҷанбаҳои мухталифи эҷодиёти Мирсиддиқхони Ҳашмати Бухороӣ аз чашмандози фарох назар карда, мақом ва эътибори онро дар қаламрави забон ва адабиёти форсии ҳавзаи адабии Мовароуннаҳр муайян созад. Ба ин ваҷҳ, дар радифи матолиби аслии мақола вижагиҳои ҳунарӣ, сабку салиқаи нигориши шоир, мухтасcоти забонӣ ва услубии ашъори суханвар ва масъалаҳои дигари марбут ба ҳаёт ва эҷодиёти Мирсиддиқхони Ҳашмати Бухороӣ аз назари тазкиранависон мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқ қарор гирифтааст, ки арзиши ашъори ин шоири камшинохтаро дар омӯзиш ва шинохти таърихи адабиёти тоҷики асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ муқаррар месозад.