"Comparative analysis of the works of Takiuddin Muhammad Avhadiy “Arafot-ul-oshiqin” and Mutribiy Samarkandiy “Tazkirat-ush-shuaro” "
Abstract
Дар мақола сухан перомуни қиёс ва муқобалаи “Арафот-ул-ошиқин”-и Тақиуддин Муҳаммади Авҳадӣ ва “Тазкират-уш-шуаро”-и Мутрибии Самарқандӣ меравад. Дар таҳқиқ муқоисаи ин ду тазкира, ки ҳарду дар мавриди шоирони асри XVI маълумот медиҳанд, ба хулосае омадем, ки шояд аз сабаби дастрасӣ надоштани Авҳадӣ ба “Тазкират-уш-шуаро”-и Мутрибӣ ва ё аз маълумоти он бехабар буданаш, агарчи мустақиман ба китоби Мутрибӣ ишора накардааст, аммо бо чанд далел таъсири тазкираи Мутрибӣ дар омода шудани маводи “Арафот-ул-ошиқин” ба назар мерасад, ки яке аз муҳимтарини онҳо ҳамгунагии маълумоти. Дар мақола қайд карда мешавад, ки “Тазкират-уш-шуаро”-и Мутрибӣ дар омода шудани маводи “Арафот-ул-ошиқин” ҳамгунии маълумоти тазкиранигорон роҷеъ ба ҳаёти шуаро мебошад. Ба ҳамин равиш зикри чанд шоир, монанди Доии Андиҷонӣ, Мавлоно Ҳаётӣ, Аниси Ироқӣ ва ғайра, ки дар муқоисаи ин ду тазкира ба қалам омадааст, ба риштаи таҳқиқ кашида шуда, дар қисмати хотимавии мақола ишора мешавад, ки тазкираи “Арафот-ул-ошиқин” дар баъзе маврид маълумоти “Тазкират-уш-шуаро”-ро такмил дода бо баёни фасеҳтар ақидаронӣ намуда бошад, Мутрибӣ ба дақиқбаёнии маълумотҳо арзишмандии тазкираашро афзудааст, ки қобили қайд мебошад.