Skip to main content
Article

"The artistic characteristics of social life and social environment criticism in Hayrat Bukhari’s works"

J EshonqulovSamarkan State University
2023en
ABI

Abstract

Дар мақола доир ба ҷанбаҳои ҳунарии шеъри иҷтимоӣ, хусусиятҳои забонӣ ва арзишҳои бадеии эҷодиёти Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат андеша ва мулоҳиза баён шудааст. Муаллиф кӯшиш намудааст, ки сабки нигориш, мухтассоти забонӣ ва доираи мавзӯоти ашъори Ҳайрати Бухороиро бар мабнои девони худи шоир таҳлилу баррасӣ намуда, бад-ин васила ҳунари шоирӣ ва ҷойгоҳи ӯро дар пешрафт ва ҷараёнгирии муҳити адабии Бухоро муайян кардааст. Ба ин ваҷҳ, дар радифи матолиби аслии мақола вижагиҳои ҳунарӣ, сабку салиқаи нигориши шоир, мухтасcоти забонӣ ва услубии ашъори суханвар ва масъалаҳои дигари марбут ба ҳаёт ва эҷодиёти Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст, ки арзиши ашъори ин шоири камшинохтаро дар омўзиш ва шинохти таърихи адабиёти тоҷики асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ муқаррар месозад.

Topics

Identifiers

Citations and references

Cited by 00 references