Хусусиятҳои равиши клиникӣ, зуҳуроти лабораторӣ-дастгоҳии панкреатитҳои шадид ва музмин дар давраҳои гуногуни ҳомилагӣ ва роҳҳои бартарафкунии мукаммали онҳо
Аннотация
Шарҳи адабиёт ба ҷамъбасти натиҷаҳои тадқиқоти муосири гузаронидашуда оид ба ташхиси панкреатитҳои шадид ва музмин бо мақсади мукаммалгардонии ташхис ва табобати занони ҳомила бо назардошти мураккаб будани ташхис дар системаи панкреатикобилиарӣ бахшида шудааст. Инчунин доир ба масъалаҳои этиопатогенез, зуҳуроти клиникии панкреатит, ки ба шароитҳои гуногуни душвори ҳомилагӣ дахл дорад ва сабаби он аксар вақт холелитиаз мебошад, аҳамият дода шудааст. Маълумот дар бораи истифода ва гузаронидани ултрасадо, томографияи магнитию резонансӣ ва холангиопанкреатографияи ретроградӣ, папиллосфинктеротомия дар марҳилаҳои гуногуни ҳомилагӣ оварда шудааст. Муаллифон усули фаъоли ташхис ва табобати панкреатитҳои шадидро истифода кардаанд, ки ба кам шудани оризаҳо, коҳиш додани мушкилот, фавти модарон ва перинаталӣ мусоидат мекунад.
Ҳали таржима қилинмаган